КУШОНИЁН. Бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва 24-умин солгарди таъсисиёбии ҲХДТ дар деҳаҳаҳои Чорбоғ ва Крупскаяи ҷамоати деҳоти Заргари ноҳияи Кушониён чорабинии сиёсиву фарҳангӣ доир гашт.
Сокинони заҳматдӯсти деҳаҳои Чорбоғ ва Крупская дар чорабинии сиёсиву фарҳангӣ фаъолона иштирок намуда, маҳсули дастранҷи худ аз анвои нонӣ, хӯрокҳои миллӣ, сабзавоту меваҷот, қуроқдузӣ ва попуриву гулдӯзӣ, ресандагиву дӯзандагиро ба маърази тамошо гузоштанд.
Зимни баргузории чорабинӣ намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Орзу Ҳамидиён ва раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кeшониён Сатторова Мунаввара оидба 24-умин солгарди таъсисиёбии ҲХДТ, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб, ватандӯстӣ, омодагиҳои ҳамаҷониба ба истиқболи ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ, Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018 - 2028” , ҷалби ҷавонон ба корҳои хонагию ҳунарҳои мардумӣ дар заминаи эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба хотири паст кардани шиддати бекорӣ ва фаро гирифтани сокинон бо шуғл, тарғиби нақши урфу одат ва анъанаҳои неки мардумӣ дар байни сокинон бо мақсади тарбияи ахлоқию маънавии ҷомеа суханронӣ намудаа, ҷамъомадагонро бо Рӯзи таъсисёбии ҲХДТ табрику муборакбод намуд.