БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Осудагии рӯзгори сокинон мақсади асосии ҲХДТ аст

Ш.ШОҲИН. Кормандони масъули   Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар ташкилоти ибтидоии «Беморхонаи Саричашма» хониши сиёсӣ вобаста ба  24-умин солгарди таъсисёбии ҲХДТ ва самтҳои  афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ  доир намуданд.

Зимнан хониши сиёсиро  Асақолов Алиҷон муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин кушода, иштирокдоронро бо Рӯзи таъсисёбии ҲХДТ  табрик гуфта,  ба онҳо  ҷиҳати дар амал татбтиқ  намудани ҳадафҳои барномавии ҲХДТ, ки  ба некӯаҳволии  сокинон ва рушду тараққиёти  Ватан равона карда шудааст,  тавсияҳои  судманд  дод.

Баъдан дар бораи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ ва ба истифода додани якумин чархаи Нерӯгоҳи барқи Обии Роғун  суханронӣ намуда, аз иқтибосҳои  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, афзуд, ки «Мо ба раванди солимгардонии маъюбон, дастгирии иҷтимоии табақаҳои осебпазири аҳолӣ, аз ҷумла кӯдакони ятиму бесаробонмонда, оилаҳои камбизоат ва дастрасии онҳо ба хизматрасонии тиббиву  иҷтимоӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, дар ин самт ҳамаи тадбирҳои саривақтиро амалӣ карда истодаем».

Баъдан Неъматов Абдулҷаббор мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ба сухан баромада,  дар бораи бемории ВНМО ва бемориҳое, ки ҷомеаи моро ба ташвиш овардаанд, худро эмин нигоҳ доранд ва  сокинони диёру кишварамонро аз паёмаду оқибатҳои нохуши онҳо огаҳ намуда,  баҳри солим нигоҳ доштани аҳолӣ мубориза баранд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg