БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Мароми ҲХДТ шукуфоиву сарсабзии Ватан аст

КУШОНИЁН. Бахшида ба истиқболи ҷашни фархундаи 24 солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар партави Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” ҳамарӯза дар кӯчаву хиёбонҳо,  корхонаву ташкилот,  мактабу бунгоҳҳои тиббии ноҳияи Кушониён  корҳои созандагиву ободонӣ  бо ҷалби  аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ  баргузор гашта истодааст.

Дар ноҳияи Кушониён  ташкили корҳои ободониву бунёдкорӣ  вусъати тозаро касб намуда, кулли аъзо ва ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҷамоати шаҳраки ба номи Исмоили  Сомонӣ  ба ҳашари умумӣ  баромада,  бехи дарахтонро нарм ва роҳу ҷӯйборҳоро аз  алафҳои бегонаву партовҳо  тозаву озода намуданд.

Инчунин,  зиёда аз 10 ҳазор  бех гулҳои садбарги ҳарранга  шинонида шуд.

Сокинони ноҳияи Кушониён  ният доранд  ҷашнҳо дарпешистодаро дар сатҳи баланди  сиёсиву фарҳангӣ ва бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоянд.  Чунин  корҳои созандагивуободонӣ дар ноҳия бо маром  ҷараён дорад.   

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg