БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ ба омӯзиши ҳунар ва ҳунармандон мусоидат мекунад!

ҶАЙҲУН. Бо мақсади амалигардонии нақша-чорабинии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар деҳаи Лоҳутии ҷамоати деҳоти «Истиқлол»-и ноҳия чорабинии таблиғотии ҳизбӣ вобаста ба Соли рушди сайёҳи ва ҳунарҳои мардумӣ бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Ҷумагул Шомаҳмадова, вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ҷайҳун Идибеков Шоҳиншо, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Насим Сабурзода, сармуҳосиби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Хоҷаева София ва сокинони деҳаи болозикр доир гардид.

Чорабинии мазкурро раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Шомаҳмадова Ҷумаъгул бо аз назар гузаронии намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва хӯрокҳои миллӣ ҳусни ифтитоҳ бахшида, ба ҳунармандони деҳаи мазкур, ки ба эҳёи ҳунарҳои мардумӣ машғуланд як ҷаҳон таҳсину офарин хонданд. Чунки дар чорабинии мазкур тамоми ҳунарҳои мардумӣ ва хӯрокҳои миллии хоси мардуми тоҷик ба намоиш гузошта шуда буд, ки фарҳанги миллати тоҷикро муаррифӣ менамуд.

Ҳамчунин Шомаҳмадова Ҷумаъгул дар рафти суханронии худ иброз намуд, ки ҳунарҳои волои ҳунармандони асилро дида бешубҳа онҳоро ҳунармандони бузург номгузорӣ мекунем, ки ин номи бузург бе меҳнату заҳмати зиёд ба даст намеоянд. Хулоса, ҳунар ганҷина ва ҳунарманд заргари бузургест, ки бо офаридаҳои ҷолибаш мафтунгари дилҳои инсонҳост.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg