БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ – муҳофизи арзишҳои милливу фарҳангии кишвар

КУШОНИЁН. Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  дар ноҳияи Кушониён   дар ҳамкорӣ бо ташкилоти ибтидоии ҳизбии   деҳаи “8 – Март” - и ҷамоати деҳоти Заргар  бо занони деҳа вохӯрии судманд  доир намуданд.

Дар вохӯрӣ раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  дар ноҳияи Кушониён Сатторова Мунаввара, мудири шуъбаи маорифи ноҳия Нурмаҳмадзода Кибриё  ва кормандони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии  ҳизб иштирок ва  баромад намуданд.

Зимни баргузории вохӯрӣ оид ба 24-умин солгарди таъсисиёбии ҲХДТ,  самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб, ватандӯстӣ, омодагиҳои ҳамаҷониба ба истиқболи ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ, Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018 - 2028” , нақши занону бонувон дар ҷомеа, ҷалби ҷавонон ба корҳои хонагию ҳунарҳои мардумӣ дар заминаи эълон кардани соли 2018 Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба хотири паст кардани шиддати бекорӣ ва фаро гирифтани сокинон бо шуғл, тарғиби нақши урфу одат ва анъанаҳои неки мардумӣ дар байни сокинон бо мақсади тарбияи ахлоқию маънавии ҷомеа гузаронида шуд.

Вохӯрӣ дар фазои озод доир гардида, иштирокчиён ба саволҳои пешниҳоднамудаашон посухҳои амиқ гирифтанд.

Чунин вохӯриҳо дар ташкилотҳои ҳизбии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи  Кушониён   идома доранд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg