БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ-мақсаду маромаш корҳои маърифатию тарбиявӣ

КӮЛОБ. Вобаста ба нақшаи суҳбату вохӯриҳо дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «А. Алӣ»  бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ хониши сиёсӣ роҳандозӣ гардид.

Дар он  мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷрояи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Файзуллоев Алишер иштирок дошта, зимнан  ҷамъомадагонро бо Рӯзи таъсисёбии ҲХДТ табрику муборакбод гуфта, аз таърихи  таъсисёбии  он дар тӯли  24 сол  андешаронӣ намуд.

Инчунин,дар идомаи суҳбат  мавсуф  вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб суханронӣ намуда,  қайд кард, ки як зумра шаҳрвандони тоҷик дар муҳоҷирати меҳнатӣ хориҷ аз кишвар қарор доранд, ки ин яке аз роҳҳои интиқол ва паҳншавии бемориҳои сироятӣ мегардад. Ва ё бо дигар роҳу воситаҳо, махсусан бемории ВНМО/АНМО зиёд гардидааст. Дар ин росто ҳизбиён зарур мешуморанд, ки дар ҷомеа корҳои тарғиботию ташфиқотӣ, инчунин фаҳмондадиҳӣ ва роҳҳои пешгирӣ аз сироятёбиро ба бемориҳои гуногуни сироятӣ дар байни мардум ба роҳ монда, ба ин восита метавонем пеши роҳи паҳншавии ин бемориҳои марговарро бигирем. Чунки миллати солим ин давлати солим ва пешрафтаро ташкил медиҳад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg