БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ-ҳадафи мо эъмори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд

ЁВОН.  Тибқи ҷадвали баргузории суҳбату вохӯриҳо аз ҷониби намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар бинои маъмурии ҶСП “Мурғи беҳамто”-и ноҳияи Ёвон бо иштироки аҳли заҳмати фермаи мурғпарварӣ вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ и.в.муовини раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ Солиҳов Маҳмадрасул андешаронӣ намуда, ҳамагонро бо Рӯзи таъсисёбии ҲХДТ, ҳадафи  аслиаш эъмори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд аст ҳарф зада, ҳамагонро бо  ин санаи муҳими таърихӣ, ки дар қатори  дигар  санаҳои муҳими таърихӣ ҷойгоҳи хешро дорад,  шодбош гуфта, ба онҳо барои  корҳои пурмасъулияти ҳизбӣ муваффақиятҳои беназир  орзу кард.

Баъдан  мавсуф дар бораи  баланд бардоштани фарҳангу маданияти кормандон ва аҳли оилаи онҳо, пайравӣ аз  сиёсати хирадмандона  ва созандаи ҲХДТ, хосса Раиси муаззами он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, хизмати содиқона ба халқу Ватан, тарғиби  тарзи  ҳаёти  солим  ва  пешгирӣ  аз паҳншавии  бемориҳои  сироятӣ,  тарбияи  ҳарбӣ  ватандӯстии  ҷавонон  ва  ҷалби  онҳо ба  хизмати  ҳарбӣ , тарғиби  фарҳанги  миллӣ  ва  пешгирӣ  аз  майлӣ  бегонапарастӣ  миёни  ҷавонону  занон  вокуниши  фаврӣ  ба  маводҳои  интиқодии  бебунёд  дар  васоити  ахбори  омма  ва  шабакаҳои иҷтимоӣ , муборизаи  идеологӣ  бар  зидди  терроризму экстремизм  ва  пешгирии  гаравиши  ҷавонон  ба  гурӯҳҳои  тундгаро, баргузории  чорабиниҳо  ба  хотири  огоҳ  кардани  аҳолӣ  ва  пешгирии  онҳо  аз  гаравиш ба  ҳизбу  ҳаракатҳои  дар  кишвар  мамнуъи  ТЭТ  ҲНИТ, Гурӯҳи  24   андешаронӣ намуд.

Фермаи мурғпарварии «Мурғи беҳамто» соли  2013 дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Чоргул таъсис дода шудааст.  Фермаи мазкур дар як сол барои истеҳсоли 1800 тонна гушти парҳезӣ машғул аст.

Имрӯз дар ҶСП «Мурғи беҳамто» зиёда аз 60 нафар кормандон кору фаъолият доранд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg