БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Аксияи ҳизбӣ “Якҷоя ҳал мекунем!” дар шукуфоии Ватан саҳми арзанда гузошта истодааст

ДӮСТӢ. Таҳти роҳбарии и.в. раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ Абдулҳафиз Қурбонов дар якҷоягӣ бо кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ  Аксияи  тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ  таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» баргузор  карда шуд, ки дар  он  масъулин дар корҳои ободонӣ   фаъолона иштирок намуданд.

Аксияи ҳизбӣ  дар доираи таҷлили 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вусъат тоза дошта, атрофи бинои ҳизб аз партову алафҳои бегона тоза карда шуда, байни қаторҳои дарахтони сояафкан нарм карда шуданд. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ  дар рафти корҳои ободонӣ бо як ҳисси ватандустӣ, садоқат ба Ватан баҳри боз ҳам зебо ва шукуфоии  яке аз гӯшаи  диёрамон камари ҳиммат баста,   саҳми худро гузоштанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg