БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ – ҳизби дорои мавқеи устувор ва обрӯи баланд

ДАНҒАРА. Дар асоси нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии ҷамоати деҳоти ба номи “Исмат Шарифов” хониши сиёсӣ оид ба 24 солагии таъсисёбии ҲХДТ ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ  баргузор гардид.

Дар он  кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб  иштирок намуда,   дар назди иштирокдорон аз таърих ва моҳияти ҲХДТ- ҳизби дорои мавқеи устувор ва обрӯи баланд дар тӯли 24 соли фаъолияташ  андешаронӣ карданд.

Ҳамзамон дар идома масъулин  атрофи мавзӯъҳои пешгирии бемориҳои сироятӣ, аз қабили ВНМО/БПНМ, риояи қонунҳои миллӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротию иртиҷоӣ, фарҳанги миллӣ, ҳифз ва гиромидошти муқаддасоти миллӣ, тарбияи худшиносии миллӣ, саҳмгузории дастаҷамъона дар корҳои ободониву созандагӣ дар доираи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” бахшида  ба истиқболи сазовори 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимистонгузаронии хоҷагиҳо, амалишавии ҳадафҳои стратегии мамлакат, таълиму тарбияи дурусти фарзанд,талаботи ҷаҳони муосир дар доираи мафҳуми омодасозии мутахассисони замони нав зимни расидан ба ҳадафҳои олии кишвар, татбиқи барномаҳои давлатии соҳавӣ дар маҳал, 24-умини солгарди Рӯзи таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон суханронӣ карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg