БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Пешрафту тараққиёти Ватан дар меҳвари барномаи ҲХДТ

ДӮСТӢ. Рафти қабули аъзои ҲХДТ дар соҳаи  маориф  дар байни омӯзгорону кормандони муассисаҳои таълимии ҳудуди ноҳияи Дӯстӣ бомаром идома дорад.

Аз ин рӯ,  мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ Абубакр Ҷалолов дар муасисаҳои таълимии №1 ва 3 вохӯрӣ доир карда, зимнан аъзо ва ҷонибдорони ҳизбро ба муносибати 24- солагии таъсисёбии ҲХДТ табрик гуфта,  дар ин рӯзи   пурифтихор ба  44 нафар омӯзгорон  ва кормандони муассисаҳои таълимӣ  шаҳодатнома ва нишони ҳизбӣ дар вазъияти тантнавӣ  тақдим намуда, аз ҳар яки онҳо ҷиҳати  дар доираи  ҳадафҳои барномавӣ ва Оинномавии ҲХДТ, ки  пешрафту тараққиёти Ватан дар меҳвари  аслии  ҲХДТ қарор дорад, даъват ба амал овард.  

Баъдан мавсуф зимни суханронӣ  омӯзгронро барои ба сафи ҳизб пайвастан  баҳри рӯҳбаланд гардиданашон дар самти фаъолияти масъулиятноки омӯзгорӣ дар таълиму тарбияи насли наврас  маслиҳатҳои муфид дод.

Сарварони муассисаҳои мазкур Шафиев Ҳайдар ва Ӯзбеков Маҳмуд дар якҷоягӣ бо коллективи омӯзгорон барои шомил гардидан ба сафи ҲХДТ изҳори миннатдорӣ баён карда, қайд намуданд, ки аъзои ҲХДТ будан барои мо омӯзгорон  шарафу ифтихори бузург  аст.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg