
ДАНҒАРА. Тибқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара дар якҷоягӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии ҷамоати деҳоти “Лолазор” хониши сиёсӣ оид ба Рӯзи таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Соли тақвияти робита бо маҳал ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ баргузор гардид.
Дар хониши сиёсӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияиДанғара Каримов Пирмуҳаммад ва дигар шахсони даъватӣ иштирок дошта, зимнан мавсуф ҳамагонро бо 24- умин солгарди таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун ҳизби ғолибу пешоҳанги ҷомеа табрику муборакбод гуфта, дар корҳои масъулиятноки ҳизбии ташкилотиибтидоии мазкур бурдбориҳо таманно намуд.
Инчунин, дар ин раванд дигар шахсони давъатӣ доир ба мавзӯъҳои коҳиш додани сатҳи ҷинояту ҷинояткорӣ дар байни аҳолӣ хусусан ҷавонону наврасон, пойдории оилаҳо дар доираи мафҳуми “Оила-шоҳсутуни давлат”, татбиқи барномаҳои давлатии соҳавӣ, риояи қонунҳои миллӣ, ҳифзи марзу бум ва якпорчагии мамлакат, тарбияи худшиносӣ ва ҳимояи манфиатҳои миллӣ, Тоҷикистон ба сифати мамлакати пешсаф дар масоили глобалии об, НБО-и Роғун ҳамчун кохи нур, интихоби тарзи ҳаёти солим, пешгирии бемориҳои сироятӣ аз қабили ВНМО/БПНМ суханронӣ намуданд.