БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Маъюбон низ дар маркази диққати ӼХДТ қарор доранд!

ВОСЕЪ. Бахшида ба 24- солагии таъсисёбии Ӽизби Халқии Демократии Тоӌикистон ва дар доираи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал  мекунем!» бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ӼХДТ дар ноӽияи Восеъ ба кȳдакони имконияташон маӽдуди Маркази Ситора ва ба як оилаи ниёзманде, ки кȳдакони маъюбу гирифтори бемории саратон мебошанд, бо ӌалби аъзои фаъоли ӽизб ва соӽибкорони ноӽия кȳмаки моддӣ расонида шуд.

Зимнан раиси Кумитаи иӌроияи ӼХДТ дар ноӽияи Восеъ Сафарова Ӽафиза иброз намуд, ки маъюб  шахсест, ки дар натиҷаи нуқсёбии саломатӣ бо коҳиши устувори вазифаҳои организм аз беморӣ, ҷароҳат, иллати ҷисмонӣ ва ақлонӣ боиси маҳдуд шудани фаъолияти ҳаётӣ гардидааст ва ба ҳифзи иҷтимоӣ ниёз дорад.

Мавриди зикр аст, ки хизматрасониҳои ройгони иҷтимоӣ яке аз самтҳои муҳими соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба шумор рафта, ба шаҳрвандоне расонида мешаванд, ки дар ҳолати душвори зиндагӣ қарор дошта, аз ҳама бештар осебпазиранд ва ба дастгирию роҳбаладии иҷтимоӣ эҳтиёҷ доранд.

Фазои соҳибистиқлолии кишвар шароит фароҳам овардааст, ки ин ҳама раванди хизматрасониҳои иҷтимоӣ дар муассисаҳои иҷтимоӣ фароҳам оварда шаванду нафарони касбӣ барои меҳрубонӣ ва тавонбахшӣ сафарбар карда шаванд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg