БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ дар таҳкими сулҳу субот нақши созанда дорад

БОХТАР.  Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Баҳодур-С» бо иштироки намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Қаҳоров Искандар ва мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва ба ҳисобгирӣ Исоев Фаррух тибқи ҷадвали баргузории хониши сиёсӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, аз ҷумла тарғиби тарзи ҳаёти солим ва пешгирӣ аз паҳншавии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ баргузор гардид.

Зимнан  корманди масъули  Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Қаҳоров Искандар иштирокдоронро  бо 24- солагии таъсисёбии  ҲХДТ  шодбош гуфта, аз таърих ва  таъсисёбии ҲХДТ, ки дар таҳкими сулҳу суббот саҳми арзанда доранд ёдоварӣ намуд.

Инчунин, дар идомаи суҳбат  мавсуф  қайд кард, ки саломатии одам ҳамчун намуди категорияи биологӣ, нишондиҳандаи асосии инкишофи ҷамъият дониста мешавад. Бинобар ин саломатиро боигарии ҷамъият на танҳо мафҳуми иҷтимоӣ, балки экологӣ дида баромадан лозим аст. Мувофиқи муайянкунии ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ саломатӣ ин беҳбудии вазъияти пурраи ҷисмонӣ-руҳӣ ва иҷтимоии инсон дониста мешавад. Соҳаи тандурустӣ барои ноил шудан ба ҳадафҳои рушди ҳазорсола бахши муҳим ба ҳисоб меравад, зеро азму талоше, ки барои беҳбудии саломатии аҳолӣ нигаронида шудааст, рушди устувори иқтисодӣ ва рушди нерӯи инсонии кишварро таъмин менамояд.

Сипас дар идома мутахасиси шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирӣ Исоев Фаррух оид ба таъсисёбии 24-умин солгарди ҲХДТ ба сухан баромада, ҳамагонро ба ин рӯзи фархунда табрику муборкбод гуфта, дар кору фаъолияташон бурдбориҳо орзу кард.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg