ШАҲРИТУЗ. Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритуз тибқи нақша-чорабиниҳои Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон курси бозомӯзӣ барои раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва кормандони масъули ҲХДТ дар мавзӯъи «Тақвият бахшидани фаъолияти ташкилотҳои ҳизбӣ дар минтақаҳо ва баланд бардоштани дониши сиёсии раисони ташкилотҳои ибтидоӣ» гузаронида шуд.
Дар он раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ташкилоту муассиса ва деҳаву маҳаллаҳои ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Шаҳритуз, вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия ва фаъолону собиқадорони ҲХДТ ҳузур доштанд.
Инчунин, дар курси бозомӯзӣ Наимов Маҳмадулло мудири шуъбаи таблиғот ва таҳлилии Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ, Шоҳиён Абдураҳим Маҳмадулло мудири бахши бақайдгирӣ ва кор бо созмонҳои ҷамъиятии Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ, Ҳамидиён Илҳомҷон мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва занони Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи Марказии ҲХДТ, Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ вилоятӣва ноҳиявии ҳизб, раиси ноҳияи Шаҳритуз, Оймаҳмадзода Рамазон Алихон иштирок намуданд.
Масъулин дар назди иштирокдорон оид ба масъалаҳои болозикр суханрониҳо карданд, ки ҳизбиён аз суханҳои судманди онҳо ба худ таассуроти хуб бардоштанд.