БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Эҳёи ҳунарҳои мардумӣ гувоҳӣ аз таърихи пурғановати миллат аст!

ҶАЙҲУН.Тибқи ҷадвали баргузории вохӯрию мулоқотҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар деҳаи Ободонии Ҷамоати деҳоти Истиқлоли ноҳияи Ҷайҳун чорабинии таблиғотии ҳизбӣ вобаста ба Соли рушди саёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, инчунин ҷиҳати расонидани моҳияти самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ба аҳолии деҳа бо иштироки вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия дар деҳаи Ободон Аҳёев Муҳаммадӣ, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Насим Сабурзода ва сокинони деҳаи болозикр доир гардонида шуд, ки писанди ҳозирин буд.

Чорабинии мазкурро муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Насим Сабурзода ва  вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия дар деҳаи Ободон Аҳёев Муҳаммадӣ бо аз назаргузаронии намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва хӯрокҳои миллӣ ҳусни ифтитоҳ бахшида, ба ҳунармандони деҳаи мазкур, ки ба эҳёи  ҳунарҳои мардумӣ машғуланд як ҷаҳон таҳсину офарин хонданд. Чунки дар чорабинии мазкур тамоми ҳунарҳои мардумӣ ва хӯрокҳои миллии хоси мардуми тамаддунофари тоҷик ба намоиш гузошта шуда буд, ки фарҳанги миллати тоҷикро муаррифӣ менамуд.

Дар рафти чорабинии ҳизбӣ муовини раиси Кумитаи иҷроияи [ХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Насим Сабурзода ва вакил ноҳиявӣ Аҳёев Муҳаммадӣ дар доираи рушду тараққиёт, созандагиву бунёдкорӣ ва нақши бузурги Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Раиси муаззами он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаҷабҳаҳои хоҷагии халқ ёдоварӣ карда, аз ҳозирин баҳри боз ҳам ободтару зеботар гардидани ҳар як гӯшаи диёр ва саҳмгузор будан дар тараққиёти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат даъват ба амал оварданд.

Бояд қайд кард, ки дар чорабинии мардумӣ зиндадили деҳаи Ободон аҳли деҳа ҷамъомада буданд, ки воқеан ҳам фазои ҳизбӣ по барҷо буд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg