ШАҲРИТУЗ. Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №16-и деҳаи Лӯбиёкори ҷамоати деҳоти ба номи Ҷӯра Назаров вохӯрии муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритуз Ачилдиев Турдимурод баргузор карда шуд.
Дар вохӯрӣ мавсуф дар бораи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, фаъолияти кумитаи ташкилоти ибтидоии “МТМУ №16”, қабули аъзо ба сафи ХХДТ, баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия дар муассисаи номбурда, фаъолияти муассиса баъди ба пуррагӣ гузаштани таълим бо забони тоҷикӣ, ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирии шомилшавии ҷавонон ва наврасон ба ташкилотҳои экстремистиву террористӣ, огоҳонидани сокинон аз паёмадҳои хатаровари ҳизбу ҳаракатҳои иротиҷоӣ, тарғибитарзи ҳаёти солим, пешгигирӣ аз бемориҳои сироятӣ, рушди касбу ҳунарҳои мардумӣ, роҳандозии Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” ва озмунҳои ҳизбӣ, ки эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бахшида шудааст, андешаронӣ карда, аз устодону омӯзгорони ин боргоҳи илму ирфон ҷиҳатииҷрои дастуру супориш ва ҳидоятҳои Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баланд бардоштани таълиму тарбияи наврасон, савияи дониши онҳо даъват ба амал оварданд.