БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Пешвои миллат-ҳомӣ ва раҳнамои ҷавонон!

Ш.ШОҲИН. Бо ташаббуси  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар деҳаи Гулистон  хониши сиёсӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТдоир гардид.

Дар вохӯрӣ кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб  Неъматов Абдулҷаббор  иштирок дошта, дар бораи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ,  ба истифода додани якумин чархаи Нерӯгоҳи барқи Обии Роғун  суханронӣ намуда, иброз дошт, ки аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ мақсаду ҳадафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Сарвари хирадманду дурандеши он расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, таъмиру тармим ва бунёди    нерӯгоҳҳои кишвар, аз ҷумла Нерӯгоҳи барқи обии Роғун маҳсуб меёфт.  Барои сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии Роғун маблағҳои ҳангуфт  лозим буд. Ҳатто баъзе коршиносони дохиливу хориҷӣ ин иқдоми пешгирифтаи ҳукумату мардуми тоҷикро, ки маҳз  бо ташаббусу ибтикории  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тарҳрезӣ гардида буд,  ғайриимкон медонистанд. Зеро дар солҳои  аввали соҳибистиқлолӣ бо сабабҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ буҷаи мамлакатамон тамоман касиф гардида, буҳрони саросарӣ миллату давлатро ба вартаи нестӣ расонида буд. Хушбахтона  рӯҳияи қавии миллати кӯҳанбунёд бо Сарварии роҳбари хирадманду оқилаш аз таҳдиди гурӯҳҳои бадкеши дохилию хориҷӣ шикаста нагардида, ба мушкилиҳои сангин  дастболо шуда,  афсона ба ҳақиқат табдил ёфт.

Инчунин, дар ин вохӯрӣ  Икромов Баҳодур вакили деҳаи болозикр иштирок карда,  оид ба  муқовимат бо коррупсия ҳамчун зуҳуроти номатлуб дар ҷомеа, пешгирии шаҳрвандон, алалхусу ҷавонон аз  шомилшавӣба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, рушди ҳунарҳои мардумӣ бо шаклу услуби замони муосир,  ҷалби ҷавонони сини даъват ӣ ба хизмати Ватан-Модар, фаҳмонидани моҳияти хизмат дар сафи Артиши миллӣ ҳамчун мактаби ҷасорату мардонагӣ ба волидайн ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз  ибрози ақида намуда, зикр кард, ки  мо ҷавонон бо   итминони комил гуфта метавонем,  сиёсати имрӯзаи давлату ҳукуматро якдилона  дастгирӣ менамоем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg