БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳунар калидест, ки дари қуллаҳои муродро ба рӯи мо боз мекунад

ХУРОСОН. Дар доираи ҷадвали баргузории вохӯриву мулоқот дар корхона, муассиса, ташкилот ва деҳаю маҳаллаҳои ноҳияи Хуросон бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон дар маҳаллаи Кохуи ҷамоати деҳоти Фахробод бо сокинон оид  самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва Соли тақвияти робита бо маҳал  вохӯрӣ  баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб иштирок дошта, дар назди ҷамъомадагон оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, ба кор даромадани  чархаи якуми Нерӯгоҳи барқи обии Роғун, дастуру супоришҳое, ки аз суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ноҳияи Данғара бароянда, оид ба иҷрои  саривақтии  кишту кори такрорӣ, рушди корҳои хоҷагидорию кишоварзӣ дар таъмини амнияти озуқаворӣ барои соли оянда  ва 24-солагии таъсисёбии ҲХДТ андешаронӣ карданд.

Инчунин, дар идомаи суҳбат масъулин дар бораи моҳияти  Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!», ки барои ҳалли мушкилоти  ҷойдоштаи  маҳалли зисти сокинон ва  ободии рӯзгор равона карда шудааст,  ҳарф зада, ҳамагонро барои дар амал татбиқ намудани Аксияи ҳизбӣ  ҳидоят карданд.

Дар охир ҳунармандон  бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ваҳунарҳои мардумӣ масҳули дастони хешро ба намоиш гузоштанд, ки  иштирокдорон аз ин намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ дидан карда, ба худ ғизои маънавӣ гирифтанд. 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg