БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Зан-модари тоҷик дастони пурҳунару муъҷизаофар дорад

ХУРОСОН. Бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон дар маҳаллаи 20-солагии Истиқлолияти давлатии  ҷамоати деҳоти Фахробод бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ  атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва Соли тақвияти робита бо маҳал  вохӯрӣ баргузор гардид. 

Нахуст, масъулин  дар бораи 24- умин солгарди  таъсисёбии ҲХДТ, ки мо дар остонаи  ин санаи муҳими таърихӣ қарор дорем, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, озмунҳои ҳизбӣ,  Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва татбиқи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» андешаронӣ карданд.

Инчунин, дар қисмати фарҳангии вохӯрӣ  ҳунармандони чирадаст намунаи ҳунарии хешро, ки бо рангу таровати назаррабо  омода кардаанд,ба намоиш гузоштанд, ки ҳамагон аз ин ҳунари  волои онҳо дидан карда, ба дастони муъҷизаофари зани тоҷик  аҳсану офарин гуфтанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg