БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Гирдиҳамоии банақшагирифтаи ҲНИ дар шаҳри Берлини Олмонро маҳкум намуданд

ХОВАЛИНГ.   Дар суҳбате, ки оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ дар деҳаи Чуқураки ҷамоати деҳоти Ҷомбахт гузаронида шуд, кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Саидҷалол Сатторов, Ҷамолиддин  Қаюмов ва  вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Б.Нуралиев, кормандони Маркази ВНМО дар ноҳия М.Мирзоева ва С.Қаюмова  иштирок намуданд.

Дар назди ҳозирин мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳия Саидҷалол Сатторов, корманди ВНМО М. Мирзоева оид ба  самтҳои афзалиятноки  фаъолияти ҲХДТ  баромад карданд.

Баъдан Саидҷалол Сатторов дар баромадаш дар бораи истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқ, хатари терроризм, пешгирӣ аз нашъамандӣ, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ, моҳияти хизмат дар сафҳои Артиши миллӣ ва риояи талаботи қонунҳои миллӣ бо овардани мисолҳо аз ҳаёти ҳаррӯза сухан ронд.

Дар идома М.Мирзоева вобаста ба пешгирии бемориҳои сироятӣ, алалхусус бемории ВНМО (СПИД), роҳҳои гузариш ва пешгирӣ аз ин вабои аср ҳарф зад. Вакили  Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Б. Нуралиев дар мавзӯъи “Мақсади ниҳоии сарварони ҲНИ”  сухан ронда, ба ҳозирин дар бораи нияти нопоки Кабирӣ ва думравонаш, ки рӯзи 10 декабри соли ҷорӣ барои бадном кардани Тоҷикистон дар назди Сафоратхонаи Тоҷикистон дар шаҳри Берлини давлати Олмон гирдиҳамоӣ ташкил карданианд, маълумоти муфассал  дод. Баъди баромади вакил чанде аз сокинони маҳалла С. Усмонов, Тағоев С., Салимова У ва чанде дигарон сухан карда, амалҳои ин ҳизбӣ террористӣ ва гирдиҳамоии ғаразонаву бадкирдорона ва хоинонаи сарварони онро маҳкум намуданд.

Ба ифтихори Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ сокинони маҳалла намоиши ҳунарӣ ташкил намуданд, ки  барои бинандагон хеле ҷолиб буд.

Бошандагони деҳа дар Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” фаъолона иштирок намуда, ба ифтихори санаи муборак 30- солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон  дар ҳамдастӣ таъмиру аз навсозии кӯчаҳои байни деҳаро ба уҳда гирифтанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg