![](http://hhdtkhatlon.tj/sites/default/files/styles/medium/public/field/image/20181204_140740.jpg?itok=UM4t5GnZ)
ҲАМАДОНӢ. Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Мир СайидАлии Ҳамадонӣ дар Маркази хизматрасонии иҷтимоии кӯдакони имконияташон маҳдади ноҳия чорабинии фарҳангӣ-сиёсӣ ба хотири болидагӣ ва хушу хурсандии кӯдакони имконияташон маҳдуд гузаронида шуд.
Дар чорабини муовини раиси ноҳия Санифа Тағаймуродзода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Давлатҷон Ғаффорзода, роҳбари Ташкилоти ҷамъиятии «Зардшедабону»-и шаҳри Кӯлоб Қаламнисо Абдуқаюмова ва роҳбари Маркази хизматрасонии иҷтимоии кӯдакони имконияташон маҳдуди ноҳия Гулсифат Халилова ва шоири шинохтаи тоҷик Алимуҳаммад Муродӣ иштирок доштанд.
Масъулин ба сухан баромада, дар бораи дастгирии кӯдакони имконияташон маҳдуд аз ҷониби Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуданд.
Марказ бо ҳамаи шароитҳои муосири тиббӣ муҷаҳаз гардонида шудааст ва дар ин рӯз узви фаъоли ҲХДТ, соҳибкор Акбаров Зайниддин дардоираи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” як адад таҷҳизоти замонавӣ барои маҳсдиҳии кӯдакони маъюб аз ҳисоби маблағи шахсиаш тақдим намуд.
Дар фарҷоми чорабинӣ кормандони Филармонияи мардумии ба номи Одина Ҳошимови ноҳия хотири ҷамъомадагонро болида гардониданд.