БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Мулоқот бо мақсади тарбияи ахлоқиву маънавии ҷомеа

ФАРХОР. Дар деҳаи Гулшан 2-и ҷамати деҳоти Гулшан мулоқоти кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ бо сокинон доир гардид.

Дар назди сокинон Шаҳбози Искандар муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия баромад намуда, оид ба фаъол гардонидани аҳолӣ дар самти пешгирӣ аз бегонапарастию майл ба фарҳанги бегона ва оид ба нақши урфу одат ва анъанаҳои неки мардумӣ дар байни сокинон бо мақсади тарбияи ахлоқиву маънавии ҷомеа суханронӣ намуд.

Мавриди зикр аст, ки сокинони деҳа аз ворид шудани Чакан ба феҳристи меъроси фарҳангии ғайримодии Созмони ҷаҳонии ЮНЕСКО, хушҳолӣ карда, бо ин мақсад ҳунармандони маҳалла ҳунарҳои дастии худро ба маърази тамошо гузоштанд.
Масъулин дар рафти вохӯрӣ аз намоиши ҳунарҳои мардумии сокинон дидан намуда, ба ҳунари дастии ҳунармандони чакандӯз, гӯлдӯз ва қӯроқдӯз баҳои баланд доданд.

Ҳамчунин, дар ин чорабинӣ сокинони деҳа бошукргузорӣ аз фазои тинҷу ороми Ватан зери навои санъткорони Клуби фарҳангии  ҷамоати деҳоти Гулшан рақсу бозӣ карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg