БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Иттифоқу сарҷамъӣ таҳкимбахши иқтидори давлат аст!

ТЕМУРМАЛИК. Дар доираи тақвият бахшидани робитаи ҲХДТ бо маҳал дар асоси ҷадвали баргузории вохӯрию мулоқотҳо  дар деҳаю маҳаллаҳои ноҳия дар деҳаи Тошбулоқи  ҷамоати деҳоти ба номи Саидмӯъмин Раҳимови ноҳияи Темурмалик вохӯрии навбатии  кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик  бо сокинони деҳа  баргузор гардид.

Дар мулоқот раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия  Раҷабзода Маҳмадсаид иштирок ва оид ба самтҳои  афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, вобаста ба истифодадиҳии чархаи якуми Нерӯгоҳи барқи обии Роғун, вусъат бахшидани корҳои ободонию созандагӣ бахшида ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дар масъалаи Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  андешаронӣ намуд.    

Доир ба суханронии Раҷабзода Маҳмадсаид вакили ҷамоат Абдулҳаитов Бойназар  вобаста ба тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, огоҳонидани сокинон аз паёмадҳои хатаровари ҳизбу ҳаракатҳои дар Тоҷикистон мамнӯъ, дар доираи талаботи қонунҳои миллӣ амал намудани сокинон,баланд бардоштани савияи дониши наврасону ҷавонон, ҷалби онҳо ба касбу ҳунарҳои мардумӣ, ихтирооту навоварӣ,  саҳм гузоштани  шаҳрвандон  дар корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар партави Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» ҳарф зада, ҳамагонро барои  расидан ба қадри соҳибистиқлолии кишвар ва заҳматҳои Пешвои миллат дар рушду нумуи Ватани азизамон раҳнамоӣ намуд.

Сипас, бо иштирок ва фарогирии зиёда аз 100  нафар ҳунармандону кишоварзон  намоиши ҳунарҳои мардумӣ ташкил  карда  шуд, ки дар ин намоишгоҳ  дастовардҳои ҳунарии худро   ба маърази тамошо гузоштанд.

Сипа, дар деҳаи Тошбулоқи ҷамоати деҳоти ба номи Саидмӯъмин Раҳимов бо пешниҳоди  раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик Раҷабзода Маҳмадсаид  ташкилоти нави ибтидоӣ таъсис дода шуда, раиси он Назаров  Ҷойлоб   интихоб  гардид.                                            

Дар охир Раҷабзода Маҳмадсаид ба ташкилкунандагони  намоиши ҳунарҳои мардумӣ изҳори миннатдорӣ баён кард.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg