БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Об барои рушди устувор ба рушди иқтисодиёт нигаронида шудааст

ПАНҶ. Тибқи дастуру супоришҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ҷиҳати боз ҳам густариш  бахшидани иртибот бо мардум ва ҷалби оммаи  васеъи сокинон дар амалӣ намудани ҳадафу  мақсад ва кору пайкори созандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо ибтикори Кумитаи  иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ чорабинии сиёсӣ баргузор гардид.

Чорабинӣ бо иштироки ҷавонон, аъзо ва ҷонибдорони ташкилоти ибтидоии Регистони маҳаллаи Куйтемизи ҷамоати деҳоти Намуна бо роҳандозии намоиши ҳунарҳои мардумӣ  баргузор гардид.

Шомаҳмадзода Музаффар зимни баромад оид ба  ҳадафҳои  Даҳсолаи  байналмилалии амал  «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» андешаронӣ намуда, қайд кард, ки об  ва захираҳои он дар Стратегияи миллии рушди  Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз ҷойҳои калидиро ишғол кардааст. Татбиқи Даҳсолаи байналмилалӣ амал «Об барои рушди устувор», ки бо чорумин иқдоми созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ шуд, аз тарафи ҳамаи кишварҳои аъзои СММ дастгирӣ ёфта, расман оғоз гардид. Сохта ба истифода дода шудани Нерӯгоҳи барқи обии  «Роғун» низ барои захираи оби тозаи ошомиданӣ  нигаронида шудааст.

Дар идома вакили мардумӣ Гулов Сафаралӣ зимни суханронӣ оид ба  падидаҳои номатлуби ҷомеа ба мисли терроризму экстремизм, коррупсия, мубориза бар зидди нашъаманидию нашъаҷаллобӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ ва таълиму тарбияи дурусти фарзандон ибрози андеша  намуд.

Ҷиҳати роҳандозӣ намудани Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ  таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» бо қувваи саховатмандони маҳал ба 4 оилаи камбизоати деҳа кӯмакҳои молиявӣ ва сару либос кӯмак расонида шуд.

Барои хотирмон гузаронидани чорабинӣ мардуми ҳунарманди ноҳия маҳсули заҳмати худро, ки ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бахшида шуда буд, ба маърази тамошо гузошта буданд. Маҳсули хунарҳои мардумӣ аз намудҳои гуногуни гулдӯзию сӯзанӣ, қуроқдӯзию  деворӣ, муҳрабофию ҷуроббофӣ, гаҳвораю асбобҳои дуғкашӣ, асбобҳои мусиқӣ, асбобҳои оҳангарӣ, аз қабили досу каланду  корд ва анвоҳои гуногуни хӯрокҳои миллии хоси 2 миллат тоҷику ӯзбек иборат буданд.

Дар идома ба якчанд нафар ҳунармандони беҳтарин бо  Сипосномаҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия  сафароз гардонида шуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg