БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳадафҳои ҲХДТ мароми мо сокинон аст!

ТЕМУРМАЛИК. Тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи вохӯрию мулоқотҳо вохӯрии навбатӣ дар боғчаи №3-и  ноҳияи Темурмалик дар ҳайати раиси  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи  Темурмалик   Раҷабзода Маҳмадсаид ва мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Раҷабов Ҷаҳонгир  баргузор гардид.

Зимнан масъулин  дар     самтҳои    афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, 24-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, роҳи пуршарафи тайкардаи он, хизматҳои беназири Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  андешаронӣ карданд.   

Доир ба суханронии раиси  Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи  Темурмалик   Раҷабзода Маҳмадсаид   корманди муассисаи номбурда Ҳакимова Розия вобаста ба ин хониши сиёсӣ  андешаҳои худро баён кард.

Дар охир раиси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи  Темурмалик   Раҷабзода Маҳмадсаид ва кормандони боғчаи №3 сиёсати созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҲХДТ-ро ҷонибдорӣ намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg