НОРАК. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Сангрези Чашма” бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак, мудири шуъбаи кор бо занону ҷавонони Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб Ғуриева Муслима ва Ғафурзода Фирдавс- мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроия оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ Муслима Ғуриева оид ба дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ инчунин, оид ба тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон, аз байн бурдани таассуби динӣ ва хурофотпарастӣ, баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум аз бемориҳои сироятӣ ва пешгирӣ аз он суханронӣ намуданд.
Сипас, Ғафурзода Фирдавс оид ба огоҳонидани мардум аз хатари терроризму экстримизм ва роҳҳои пешгири аз он, пешгири аз бегонапарастиву майл ба фарҳанги бегона, пешгирӣ аз истифодаи нодурусти технологияи муосир ва шабакаҳои иҷтимоӣ баромад намуда, иштирокдоронро барои расидан ба қадри Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, арҷ гузоштан ба арзишҳои волои он ва заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои миллат нисбат ба рушду нумуи Тоҷикистони азиз раҳнамоӣ кард.