БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Сарсабзии Ватан ва хуррами он вазифаи мо сокинон аст!

КУШОНИЁН. Бахшида ба 24-умин солгарди  таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар тамоми гӯшаву канори ноҳияи Кушониён  зери шиори “Созандагӣ ва бунёдкорӣ” бо ҷалби аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ  корҳои созандагиву  ободонӣ баргузор шуда истодааст.

Ташаббуси  ватандӯстонаи ҳизбиёнро  ҳамагон  бо хушнудӣ пазируфта,  шанбегии навбатӣ  фаъолона иштирок намуданд.

Иштирокдорони шанбегӣ  дарахту ноҳолҳои гуногуни ороишиву сояафкан ва  гулҳои мавсимиро дар наздиидораву ташкилоту муассисаҳои худ  шинонида, бехи ниҳолҳоро нарм намуданд ва ҷўйборҳорои обгузарро аз партовҳо  тоза карданд.

Ин ташаббус дар тамоми кӯчаю хиёбонҳо ва дар ҳар хонадон идома дошта, корҳои созандагиву ободонӣ рўз то рўз вусъати тоза гирифта истодааст.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg