
КӮЛОБ. Дар доираи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб дар ҳудуди деҳаю маҳаллаҳои шаҳр намоишҳои ҳунарҳои мардумӣ роҳандозӣ шуда истодааст.
Ин навбат дар маҳаллаи Корвонгузар бо ҷалби сокинон намоиши ҳунарҳои мардумӣ баргузор карда шуд.
Бо шодию нишот сокинон ҳунарҳо ва хӯрокҳои дастии тоҷиконаро ба маърази дид гузошта, аз иқдомҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, махсусан оид ба эълон намудани соли равонро ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ изҳори миннадорӣ намуданд.
Зимни ҳамоиш муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Фирӯзи Саидмӯъмин иштирок ва баромад намуда, қайд кард, ки ҳунарҳои дастӣ дар инсон завқи бадеиро ташаккул дода, таҳаммулу тозакориро тарбия манамояд ва дунёи ботинии шахсро ғанӣ мегардонад. Дар замони мо ҳунарҳое, ки замоне фаромӯш шуда буданд, эҳё гардида, арзиши маҳсулоти дастӣ нисбат ба молҳои оммавӣ меафзояд. Ҳунарҳои халқӣ беҳтарин ва холистарин анвои санъат буда, ҳамеша ба ҳаёти инсон алоқаманданд. Онҳо ҳисси зебоипарастии ҳар як шахсро таҷассум мекунанд.
Чорабинӣ бо шодию нишоти сокинон ба фарҷом расид.