БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Курси бозомӯзӣ ба хотири боз ҳам баланд гардидани савияи дониши ҳизбиён

ҚУБОДИЁН. Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён тибқи нақша-чорабиниҳои Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон курси бозомӯзӣ барои раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбиӣ ва кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар мавзӯъи «Тақвият бахшидани фаъолияти ташкилотҳои ҳизбӣ дар минтақаҳо ва баланд бардоштани дониши сиёсии раисони ташкилотҳои ибтидоӣ» доир гардид.

Пеш аз оғози курси омуӯзишиӣ намоиши ҳунарҳои мардумӣ ба намоиш гузошта шуд, ки дар ин намоишгоҳи хунарҳои мардумӣ маҳсули дастони  мардуми бостонии ноҳияи Қубодиён ба намоиш гузошта шуда буданд, ҳамагон аз ин намоишгоҳ дидан карда, ба ҳунару маҳорати баланди сокинон баҳои баланд доданд.

Дар ин чорабинии мазкур аз ҳунарҳои ҳунармандони ноҳия, аз қабили қуроқдӯзӣ,кашидадӯзи, сӯзанидӯзӣ, гилему намадбофӣ, атласу адрасбофӣ, табақтарошӣ ба намоиш гузошта шуданд. 

Ҷамъомади дирӯза  ба ҳамин хотир бахшида шуда, дар курси бозомӯзӣ раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ташкилоту муассиса ва деҳаву маҳаллаҳои ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия, вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия ва фаъолону собиқадорони ҲХДТ ҳузур доштанд.

Инчунин, дар курси бозомӯзӣ Наимов Маҳмадулло мудири шуъбаи таблиғот, ва таҳлилии Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи Марказии ҲХДТ, Шоҳиён Абдураҳим Маҳмадулло  мудири бахши бақайдгирӣ ва кор бо созмонҳои ҷамъиятии Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи Марказии ҲХДТ, Ҳамидиён Илҳомҷон мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва занони Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи Марказии ҲХДТ,  Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ раиси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар вилояти Хатлон ва узви Кумитаи иҷроияи вилоятӣ ва ноҳиявии ҲХДТ, раиси ноҳияи Қубодиён Файзуллозода Зафар Хайрулло иштирок карданд.

Зимнан дар курси бозомӯзӣ  масъулин  оид ба мавзӯъҳои татбиқи қарорҳои Маҷлиси Кумитаи иҷроияи Марказӣ ва амалигардонии хадафҳои Оиномавӣ ва барномавии ҲХДТ дар ташкилотҳои ибтидоӣ, кадрҳо меҳвари рушд ва устувории давлат, тарзи услуби замонавии таблиғу ташвиқ бо истифода аз технологияҳои муосири электронӣ  ва истифодаи самарабахши ВАО дар маъракаҳои сиёсӣ ва вобаста ба вазифаҳои минбаъдаи сохторҳои ҳизбии худуди вилоят суханрониҳо намуданд.

Дар фарҷом як нафар донишҷӯи курси 2-юми Коллеҷи омӯзгории ноҳияи Қубодиён аз ҷониби раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ  дар вилояти Хатлон  Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ  гирандаи стипендияи ҲХДТ ва як нафари дигар соҳиби билети ҲХДТ гардид.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg