БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Тарғиби китоби “Одобномаи корманди ҳизбӣ” дар байни кормандони соҳаи тандурустӣ

ДӮСТӢ. Дирӯз дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Беморхонаи марказӣ» бо кормандони соҳаи тандурустӣ оид ба  баррасии китоби  “Одобномаи корманди ҳизбӣ” вохӯрӣ баргузор гардида, ки дар он мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб Ҷалолов Абӯбакр иштирок ва суханронӣ намуд.

Зимнан Абӯбакр Ҷалолов дар бораи таъсисёбии ҲХДТ ва дар иҷрои вазифа ва касбиятҳои худ содиқона ва бо сифат анҷом додани корашон, кӯшиш намоянд то ба обрӯи ҳизб ва давлат иснод наоранд.

Масъулин зимни баромади худ қайд намуданд, ки иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо кормандони соҳаи тиб санаи 1-уми сентябри соли 2018 оид ба вусъати назорати тиббӣ- санитарӣ, аз ҷумла сартарошхонаҳо, кошонаҳои ҳусн, даҳонпизишкӣ, ки боиси паҳн гардидани ҳар гуна бемориҳо дар байни аҳолӣ мегардад, ҷидди машғул гарданд.

Сардухтури Беморхонаи марказӣ Ниёзмуҳаммад Қурбонов, ҳамчун роҳбари ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ баромади  масъулинро дар якҷоягӣ бо ҷамъомадагон дастгирӣ намуда, аз сиёсати одилонаи Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ изҳори қаноатмандӣ намуданд. 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg