ВАХШ. Бахши намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан»- и Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш вохӯрию суҳбат дар мавзӯъи «Хислатҳои номатлуб доғи ҷомеа» бо ҷавонони маҳаллаи Ленини ҷамоати шаҳраки Киров баргузор намуд.
Зимни баргузории вохӯрии мазкур бо ҷавонон роҳбари намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан»- и Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш Худойдод Ёров ёдовар шуд, ки инсонро дар ҳаёт дар ҳама лаҳзаҳо одоби накӯ, сухани ботамкин ва меҳрубонию латифиҳои нозук мебояд. Бахусус, шарму ҳаё , иффату покдоманӣ, аз бузургтарин хислатҳои наҷиби инсонианд. Шахси дорои одобу маърифат ҳеҷгоҳ дар зиндагӣ дар намемонад.
Албатта, инсони комил ҳеҷ гоҳ пайи хислатҳои номатлуб роҳравон нест. Инсони комилу соҳибхирад аз бадон худро канор мегирад, дар ҷамъомаду нишастҳое, ки зиёну бадӣ меоранд, иштирок намекунад. Маҳз ҳислатҳое,ки имрӯз ҷавонони мо ба он даст мезананд, ин пеш аз ҳама надоштанги тарбияи дурусти инсонӣ, дуздию мардумфиребӣ,авбошию бадмастӣ, кинаҷӯиву бешармӣ, ноадолатию разилӣ ва амсоли ин ба қатори хислатҳои номатлуб дохил мешаванд, ки инсонро ба беобрӯгиву беиффатӣ ва шармандагӣ оварда мерасонад.