БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Роғун-рӯшноӣ ба қалбу манзили мо

Ш.ШОҲИН. Маврид ба зикр аст, ки дар арафаи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҷлили солгарди Иҷлосияи тақдирсози 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  чархаи аввали Нерӯгоҳи барқи обии  Роғун  бо иродаи қавии Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кор дароварда шуд ва ин рӯйдоди таърихӣ дар таърихномаи миллат  бо  ҳарфҳои заррин сабт гардид. Зеро ин иқдом боиси чароғон гардидани на танҳо хонадони тоҷик, балки  давлатҳои  дуру наздики минтақа  хоҳад шуд ва ин воқеаи таърихӣ аз  сиёсати хирадмандона ва ҷавонмардонаи марди фарзонаи миллат, талошу муборизаҳояш баҳри ҳифзу  пойдории Истиқлолияти давлатӣ  ва амну осоиштагӣ  дар  минтақаю  ҷаҳон  дарак медиҳад.

Бо ин мақсад Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар ташкилоти ибтидоӣ «Хоҷагии ҷангали Шӯрообод»  хониши сиёсӣ вобаста ба  самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТдоир намуданд.

Дар хониши сиёсӣ Назарзода Толибҷон раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин иштирок дошта, дар бораи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣи ва ба истифода додани якумин чархаи Нерӯгоҳи барқи Обии Роғун, терроризм ва экстремизм, шомилшавии ҷавонон ба ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ суханронӣ намуд.  

Баъдан Назриев Раҷаб раиси ташкилоти ибтидолии болозикр ба сухан баромада, суханони мавсуфро дастгирӣ карда, бо итминони комил гуфт, ки мо сиёсати имрӯзаи давлату ҳукуматро ҷонибдорӣ  менамоем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg