БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Солимии миллат аз насли ояндасозаш вобастаги дорад

ШАҲРИТУЗ. Тибқи нақшаи кории  Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритуз  дар Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим хониши сиёсӣ гузаронида шуд.

Дар хониши сиёсӣ муовини раис-мудири шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ  дар ноҳияи Шаҳритуз Ачилдиев Турдимурод ва мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирии Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритуз А.Замонов иштирок ва суханронӣ карданд.

Масъулин  зимнан мақсади баргузории хониши сиёсиро фаҳмонида,  дар мавзӯъи самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон,  фаъолияти босамари Маркази ташаккули тарзи ҳаёти  солим,  тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим дар байни ҷомеа, пешгирӣ аз бемориҳои сироятии ВИЧ/СПИД, Гепотит ва Сил, ки яке аз масъалаҳои доғи рӯз мебошанд, ҳарф зада,  кормандони соҳаи тандурустиро барои дар байниаҳолӣ бештар бурдани корҳои таблиғотиву ташвиқотӣбо ҷалби мутахассисони соҳа, нигоҳ доштани  солимии ҷомеа  ва ҳадафҳоибарномавии ҲХДТ раҳнамоӣ намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg