БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳадаф - дар таъмини амнияти озуқавории кишвар саҳм мегузорем!

ҶАЙҲУН. Тибқи нақша-чорабинии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар ташкилоти ибтидоии «Кишоварзи»-и ноҳия чорабинии таблиғотии ҳизбӣ дар мавзӯи «Таъмини амнияти озуқавории кишвар яке аз ҳадафҳои олии Стратегии давлат» бо иштироки муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Сабурзода Насим ва 5 нафар аъзоёни фаъоли ташкилоти ибтидоии болозикр доир карда шуд.

Дар рафти чорабини Сабурзода Насим вобаста ба самтҳои афзалиятноки ҲХДТ муфасал баромад намуда, кайд карданд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23.01.2015 ироа намуданд, ки нақш ва саҳми сохаи кишоварзӣ дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат, рушди соҳаҳои саноат, афзоиши имконияти содиротии кишвар ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ бисёр муассир мебошад.

Ҳамчунин Сабурзода Насим дар рафти суханронии хеш иброз доштанд, ки соҳаи кишоварзӣ бахши пешбарандаи иқтисодиёти Тоҷикистон ба шумор рафта, дар солҳои охир новобаста аз таъсироти офатҳои табиӣ ва омилҳои бӯҳронӣ дар сатҳи зарурии устувор қарор дошта, маҳмӯи маҳсулоти дохилиро таъмин менамояд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg