БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Шукри ваҳдат–шукри истиқлоли кишвар мекунем!

ХУРОСОН. Бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон дар маҳаллаи Ориёни ҷамоати деҳоти Фахробод бо сокинон оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва Соли тақвияти робита бо маҳал вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ муовини раис-мудири шуъбаи ташкилии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Азизӣ Сабоҳат иштирок дошта, зимнан аз ҳунару ҳунармандии  занону бонувони хушзавқи маҳалла дидан карда, ба маҳорати ҳунармандии аҳсану офарин гуфт.

Дар идома мавсуф дар бораи 24-солагии таъсисёбии ҲХДТ, Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ  ва татбиқи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!»  суханронӣ намуда, онҳоро барои боз ҳам рушд додани ҳунарҳои мардумӣ, истеҳсоли маҳсулоти хушсифат барои  пешниҳод ба сайёҳони хориҷӣ ва аз ин ҳисоб баланд бардоштани сатҳи зиндагиашон раҳнамоӣ кард.

Пас аз суханрониҳои судманд иштирокдорон бо руҳи баланд  шукргузорӣ аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори миннатдорӣ баён намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg