БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲҲДТ – ҳизбӣ созандаю бунёдкор дар ҷомеа!

ХУРОСОН. Дар доираи ҷадвали баргузории вохӯриву мулоқот дар корхона, муассиса, ташкилот ва деҳаю маҳаллаҳои ноҳияи Хуросон бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон дар маҳаллаи Баҳори ҷамоати деҳоти Фахробод бо сокинони маҳал оид ба  самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ,  Соли тақвияти робита бо маҳал вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ  масъулин атрофи 24-солагии таъсисёбии ҲХДТ, Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва татбиқи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!», озмунҳои ҳизбӣ, ба фаъолият оғоз кардани Нерӯгоҳи барқи обии Роғун андешаронӣ намуда, сокинонро ба сарфаҷӯёна истифода бурдани нерӯи барқ, пардохти саривақтии маблағи он, рушди ҳунарҳои мардумӣ  раҳнамоӣ карданд.

Дар қисмати фарҳангии вохӯрӣ  иштирокдороназ намоиши ҳунарҳои мардумӣ, ки ҳунармандони чирадаст ҳунарҳои хешро бо шаклу услуби хоса  ба намоиш гузошта буданд,  дидан карда, ба ҳунару маҳорати онҳо баҳои баланд доданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg