БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ - масъулияти мафкурасозии ҷомеаро дорад

БОХТАР. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ҳамрози халқ” тибқи ҷадвали баргузории хониши сиёсӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гардида, дар он намояндагони Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Асадуллозода Ватан ва Исоев Фаррух иштирок намуданд.

Дар ин вохӯрӣ мудири шуъбаи кор бо ҷавонон Асадуллозода Ватан бахшида ба  24- солагии таъсисёбии ҲХДТ ба сухан баромада қайд намуд, ки  имрӯзҳо дар саросари Ҷумҳурии азизамон Тоҷикистон 24-солагии таъсисёбии ҲХДТ- ро ҷашн мегиранд. Ба бахти миллати тоҷик зимони давлатдорӣ ба дасти шахсияти боирода ва миллатдӯсту ватанпарвар - Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омад ва ӯ бо вуҷуди ҳама мушкилиҳои замон ва зиддиятҳои мафкуравӣ дар андешаи созмони додани ҳизбе афтод, ки тавонад тавассути он миллатро аз бурҳони амиқи идеологиву сиёсӣ берун созад.

Ҳамин тавр, дар айни авҷи ҷанги шаҳрвандӣ Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон таъсис ёфт. Тавре Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ дар китоби худ таҳти унвони “Бист қадами созанда” бахшида ба 20-солагии ҲХДТ бо ёдовари аз он рӯзҳо  навиштаанд: “Ба хотири мардуми азияткашидаамон ин ҳизбро таъсис додем. Мо ба хотири ваҳдати миллӣ дар сафҳои ҳизб ҳам коммунистон, ҳам демократҳо, ҳам аъзои Растохезу ҳам диндорон, ҳам фронти ҳалқиву ҳам намояндагони аҳзоби мухталифро пазируфтем. Зеро ғояи аслии ҳизби мо, ки дар давраи ҷангу ҷидол ҳамчун як қувваи сиёсии муътадил ба вуҷуд омада буд, ин пеш аз ҳама ваҳдати миллӣ буд. Мо барои ғояҳои гурӯҳии худ аз ҳадафҳои миллӣ даст кашида наметавонистем. Мо бо мардум будем, мардум бо мо буд” Дар ҳамин замина мо масъулони ҳизбӣ бояд дарк намоем, ки роҳбарияти давлату ҳукумат ва мардуми шарифи Тоҷикистон аз мо дар роҳи ватансозӣ умедҳои калон доранд. Мо низ дар навбати худ дар назди халқу давлат масъулияти бузургро ба душ дорем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg