БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Аз ташкилу гузаронидани хониши сиёсӣ изҳори миннатдорӣ намуданд

ХОВАЛИНГ.  Тибқи ҷадвал дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии Сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳия оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ хониши сиёсӣ гузаронида шуд.

 Дар назди аъзои ҲХДТ мудири шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирии  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Ҷамолиддин  Қаюмов баромад намуда,   ҳозиринро ба муҳтавои самтҳои мазкур шинос намуд.

 Дар баромад вобаста ба фаъолияти кормандон дар бораи пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, пешгирӣ аз бегонапарастӣ ва майл ба фарҳанги бегона, риояи талаботи қонун, аз ҷумла қонунҳои миллӣ- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», пешгирии бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла бемории ВНМО,  мубориза бар зидди коррупсия муфассал сухан рафт.

Дар хониши сиёсӣ аъзои ҲХДТ С. Рауфзода, И. Раҳимова баромад намуда, иҷрои талаботҳои самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбро самти асосии фаъолияти  кори ҳаррӯзаи худ арзёбӣ карда,  ба кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ барои ташкилу  гузаронидани чунин хониши сиёсӣ  дар мавзӯъи рӯз изҳори миннатдорӣ  намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg