БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

24-соли созандагӣ ва бунёдкорӣ бо Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон

ПАНҶ. Таҳти шиори «24-соли созандагӣ ва бунёдкорӣ бо Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон»  бо аъзо ва ҷонибдорони ташкилоти ибтидоии Зарбдори ҷамоати деҳоти Намуна вохӯрии судманд доир гардид. Дар чорабинии мазкур муовини аввали раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ Носиров Ёғибек, кормандони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб ва намояндаи ҷамоати деҳоти Намуна Саттрова Моҳира иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар чорабинӣ намоиши ҳунарҳои мардумӣ роҳандозӣ  гардида, ки сокинон заҳмати ҳунару истеъдоди худро ба маърази тамошо гузоштанд. Баъд аз дидан намудани намоиши ҳунарҳои мардуми иштирокдорон ба шавқу завқи  ҳунармандон баҳои баланд доданд.

Носиров Ёғибек сараввал чорабиниро хусни ифтитоҳ бахшида оид ба мақсаду маром ва ҳадафҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро муфассал гуфта дод. Ин ҳизб бо роҳи иштирок дар ҳаёти сиёсии ҷомеа барои таҳкими давлати соҳибихтиёр, демократӣ ҳуқуқбунёд, дунявӣ иҷтимоӣ ва  ягона, рушди усутвори иқтисодӣ ва таъмини зиндагии осоиштаи маодум фаъолият менамояд.

24-сол аст, ки   Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон бо роҳбарии Раиси муаззами он, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи  созандагӣ ва бунёдкорӣ  устуворона  қадам ниҳода истодааст. Дар ин росто, тибқи дастури Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  ҷихати баланд бардоштани сатҳи касбӣ ва  масъулияти узви ҳизб Одобномаи корманди ҳизб таҳия гардид, ки ҳизбиён eҳдадоранд тибки роҳнамоии он дар фаъолияти ҳизбиашон онро пурра риоя намоянд.

Дар идома аз тарафи масъулон оиди самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб риояи қонунҳои амалкунандаи Ҷумхурии  Тоҷикистон «Дар бораи анъана ва танзими ҷашну маросимҳо» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»  андешаронӣ гардид.

Дар рафти чорабинӣ  ҳизбиёни ташкилоти ибтидоиии Зардбдор бо Одономаи корманди ҳизб ва дигар дастурамалҳои таблиғотӣ  таъмин гардиданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg