БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ташкили утоқи кории ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар маҳал

ШАҲРИТУЗ. Дар деҳаи Баҳористони ҷамоати деҳоти ба номи Талбак Садриддинови ноҳияи Шаҳритуз утоқи кории алоҳида барои ташкилоти ибтидоии ҳизбии деҳа кушода шуд.

Раиси ташкилоти ибтидоии ҲХДТ дар деҳаи Баҳористон Лоиқов Фаррух қайд намуд, ки ташкилоти ҳизбии деҳаи «Баҳористон» дар манзили шахсӣ ҷойгир буд ва барои худ макони доимӣ ёфт. Аъзои ҲХДТ дар ташкилоти номбурда дар аввал 5 нафарро ташкил медоданд, имрӯз бошад бо ташаббус ва кордонии раиси ташкилоти ибтидоӣ ва дастгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритуз ба 32 нафар аз ҳисоби фаъолони деҳа ва роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ-фермерӣ сафи аъзои ҲХДТ афзуд.

Боварии комил дорем бо азми роҳбарии ҷавони ташкилоти ибтидоии ҲХДТ дар деҳаи Баҳористон Лоиқов Фаррух фаъолияти ташкилоти ибтидоии дар маҳал ҷоннок карда шуда, фаъол мегардад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg