НОРАК. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ализода”-и шахри Норак вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ хониши сиёсӣ баргузор гардид.
Дар хониши сиёсӣ кормандони масъули Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб Фирдавс Ғафурзода ва Сатторов Ҳасан иштирок намуданд.
Масъулин дар назди ҷамъомадагон оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ, аз байн бурдани таассуби динӣ ва хурофотпарастӣ, баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум аз хатари терроризму экстремизм ва роҳҳои пешгирӣ аз он, пешгирӣ аз бегонапарастиву майл ба фарҳанги бегона, муқовимат бо коррупсия, пешгирӣ аз истифодаи нодурусти технологияи муосир ва шабакаҳои иҷтимоӣ андешаронӣ намуда, онҳоро бароитарбияидурусти фарзандон, аздаст надодани ҳушёриву зиракии сиёсӣ, ба волидайн фаҳмонидани моҳияти хизмат дар саиф Артиши миллӣ ва ҷалби наврасону ҷавонон ба донишандӯзиву касбу ҳунарҳои мардумӣ тавсияҳо доданд.