ЛЕВАКАНТ. Дар ташкилоти ибтидоии Муассисаи давлатии то мактабии №1 «Гулча»-и шаҳри Левакант хониши сиёсӣ баргузор гардид, ки дар он мудири шуъбаи ташкилӣ ва ба ҳисобгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант Шаҳло Шомудинова иштирок дошт.
Зимнан Шаҳло Шомудинова оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ҳарф зада, қайд намуд, ки ҲҲДТ ҳамчун ҳизби пешоҳанги ҷомеа ва дорои масуъулияти олии ватансозӣ бо такя ба ҳидоятҳои Раиси муаззами худ, ки фармудааст «Беҳтарин ҳолати ҳизб-ин бо халқ наздик будан ва бадтарин ҳолат бошад аз халқ дур будани он аст» амал намуда, пайваста бо ташаббусҳои нав дар миёни мардум фаъолияти густурда дорад.
Аз инҷост, ки эътимоди мардум ба ҳизб зиёд гашта, ҳамеша омодаанд, ки аз иқдомҳои наҷибу бунёдкоронаи ҲХДТ дар амри ободиву пешрафти Ватан ҷонибдорӣ намоянд.
Дар охир суханрониҳои мавсуфро аъзои ташкилоти ибтидоии «Гулча» дастгирӣ намуда, иброз намуданд, ки барои таълиму тарбияи насли наврас саҳми босазои худро мегузоранд.