БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Фарҳанг муаррифгари муқаддасоти миллӣ дар ҷомеа

ТЕМУРМАЛИК. Бо мақсади иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати эълон гардидани соли 2018-Соли  рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, инчунин муаффақона ҷамъбаст намудани ин ташаббуси наҷиб дар деҳаи Булакдашти ҷамоати деҳоти ба номи Саидмӯъмин Раҳимов  ҷамъомади хотирмон баргузор гашт.

Дар ҷамъомад раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик Раҷабзода Маҳмадсаид ва раиси ҷамоати деҳоти ба номи Саидмӯъмин Раҳимов Давлатов Худоёр иштирок ва суханронӣ кард.

Сипас, бо  иштироки  кулли  сокинони  деҳа  ва  ҳунармандону  кишоварзон  намоиши ҳунарҳои мардумӣ, ки бо заҳмату меҳнати зиёд омода карда шудаанд,  дидан карданд. Дар  намоиши   ҳунарҳои  мардумӣ  дастовардҳои ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили дӯзандагию косибӣ , дуредгарӣ , хӯрокҳои миллӣ, кишоварзӣ ва ғайра  ба маърази тамошо гузошта шуд.

Хусусан озмуни оши палави миллӣ дар сатҳи хеле баланд доир гардид. Ин намоиши  ҳунарҳои мардумӣ  ва дастовардҳои кишоварзон  дар арафаи ҷамъбасти Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  як армуғони  фаромӯшнопазир  маҳсуб меёфт. 

Зимни  ҷараёни  намоиши ҳунарҳои мардумӣ  ҳаваскорони деҳа  намоиши  ҷолиби консертӣ  намоиш  доданд, ки аз барномаи рангини санъаткорон хотири иштирокдорон болида гардид.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg