БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Хонишҳои сиёсӣ ба хотири баланд бардоштани некӯаҳволии аҳли ҷомеа

ЛЕВАКАНТ. Дар асоси ҷадвали баргузории хонишҳои сиёсӣ дар ташкилоту муассисаҳо вохўрии навбатии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии  «Роҳи оҳанчиён»-и шаҳр баргузор  гардид.

Дар рафти мулоқот мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант Валиев Суҳроб баромад карда, самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ташаккули фарҳанги техникии мардум ба хотири истифодаи дуруст аз технологияи муосир ва шабакаҳои иҷтимоӣ бо мақсади пешгирӣ аз хатарҳои марбут ба истифодаи нодурусти онҳо, баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум дар мавриди хатарҳои терроризму эксремизм бо мақсади пешгирӣ аз шомилшавии шаҳрвандон ба ташкилотҳои террористию экстремистӣ, огоҳонидани сокинони кишвар аз паёмадҳои хатаровари фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мамнуъ ва фаъол гардонидани аҳолӣ дар  роҳи мубориза бо онҳо андешаронӣ карданд.

Дар ҷараёни мулоқот намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр аз иштирокдорон даъват ба амал оварданд, ки ҳамчун аъзои фаъоли ҲХДТ маълумотҳои аз хониши сиёсӣ гирифтаи худро дар байни аҳолӣ ташвиқу тарғиб намоянд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg