БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ватанро дӯст доштан аз гӯшаи имондорист!

КУШОНИЁН. Бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо сокинони деҳаи Чапаеви ҷамоати деҳоти Заргар чорабинии сиёсиву фарҳангӣ доир карда шуд.

Сокинони ватандӯсти деҳа дар чорабинии сиёсиву фарҳангӣ фаъолона иштирок намуда, маҳсули дастранҷи худ аз анвои пухту пази нонӣ, хӯрокҳои миллӣ, сабзавоту меваҷот, қуроқдӯзӣ,   гулдӯзиву попурӣ ва дигар намуди ҳунарҳои мардумиро бо шаклу услуби хоса ба маърази тамошо гузоштанд.

Дар чорабинии мазкур раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Раҳмонзода Абдулло Раҳмонзода,  раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кушониён Сатторова Мунаввара ва кормандони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб иштирок намуданд,   

Дар қисмати сиёсии чорабинӣ масъулин оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб, тарбияи насли наврасу ҷавон дар роҳи ватандӯстӣ, анҷоми корҳои созандагиву бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, пешгирии шомилшавии ҷавонон аз  ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ, Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018 - 2028” , ҷалби ҷавонон ба корҳои хонагию ҳунарҳои мардумӣ дар заминаи эълон кардани соли 2018 Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба хотири паст кардани шиддати бекорӣ ва фаро гирифтани сокинон бо шуғл, тарғиби нақши урфу одат ва анъанаҳои неки мардумӣ дар байни сокинон бо мақсади тарбияи ахлоқию маънавии ҷомеа баромадҳо намуданд.

Дар фарҷоми чорабинӣ баҳри болидагии хотири ҳозирин намоиши идонаи фарҳангию фароғатӣ пешкаши ҳозирин карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg