КУШОНИЁН. Бо мақсади тақвият додани дастуру супоришҳои хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки соли 2018-ро ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон намудааст, дар деҳаи Комсомоли ҷамоати деҳоти Заргар чорабинии сиёсиву фарҳангӣ доир карда шуд.
Мардуми ватандӯсти деҳа дар чорабинии мазкур фаъолона иштирок намуда, маҳсули дастранҷи худро ба маърази тамошо гузоштанд.
Инчунин, дар чорабинӣ раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кушониён Сатторова Мунаввара ва кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб иштирок намуданд, ки зимнан онҳо дар назди ҷамъомадагон оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб, ватандӯстӣ, омодагиҳои ҳамаҷониба ба истиқболи ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ, Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018 - 2028” , ҷалби ҷавонон ба корҳои хонагию ҳунарҳои мардумӣ дар заминаи эълон кардани соли 2018 Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба хотири паст кардани шиддати бекорӣ ва фаро гирифтани сокинон бо шуғл, тарғиби нақши урфу одат ва анъанаҳои неки мардумӣ дар байни сокинон бо мақсади тарбияи ахлоқию маънавии ҷомеа баромадҳо намуданд.
Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ масъулин аз намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ, ки бо шавқу ҳаваси зиёд маҳсули дастони хешро ба намоиш гузошта буданд, ки дидан намуда, ҳунармандону аҳли заҳмати деҳаро барои боз ҳам рушд додани ҳунарҳои мардумӣ, омӯзондану ҷалб кардани ҷавонон бк касбу ҳунарҳои мардумӣ тавсияҳои судманд доданд.