БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ -ҳизби халқ асту ҳадафаш танҳо зиндагии шоистаи мардум аст

ЁВОН. Тибқи ҷадвали баргузории суҳбату вохӯриҳо чанде қабл бо иштироки намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон дар деҳаи 8-марти ҷамоати шаҳраки Ҳаёти Нав бо иштироки фаъолони деҳаи мазкур вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ аз ҷониби Солиҳов Маҳмадрасул и.в.муовини раиси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳия доир ба  самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тарғиби арзишҳои миллӣ, аз байн бурдани фарҳанги ғайр, риояи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», тарбияи ҳарбӣ- ватандӯстии ҷавонон, пешгирии бемориҳои сироятӣ, аз муоинаи тиббӣ гузаронидани навхонадорон, ободию хуррамии маҳал, ҳамкории оила бо мактаб ва дар бораи  моҳияти Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣтаҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!”  андешаронӣ карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg