ДӮСТӢ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «КАТС» бо иштироки мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ Ҷалолов Абубакр бо кормандони соҳаи тандурустӣ вохӯрӣ доир гардид.
Дар вохӯрии мазкур мавсуф дар бораи муаррифӣ ва шарҳу тавзеҳи “Одобномаи корманди ҳизбӣ”, зиёд намудани сафи ҳизб, расидан ба қадри истиқлолияти энергетикӣ, шаффофият ва раванди хизматрасонӣ аз тарафи табибон ба аҳолӣ, қонеъ гардонидани муроҷиати беморон, адои хизмати содиқона дар касбият ва дигар масъалаҳои марбут ба соҳаи тиб андешаронӣ намуд.
Баъдан дир идома и.в. менеҷери Кӯмаки аввалияи тиббии ноҳия Раҷабов Абдулло қайд намуд, ки имрӯз қариб ба пуррагӣ кормандони муассисаи тиббӣ аъзои ҲХДТ мебошанд ва сиёсати ватандӯстонаи Пешвои миллат, Раиси муаззами он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро якдилона ҷонибдорӣ менамоянд.