БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳунар калидест барои расидан ба қуллаи мурод

ВОСЕЪ. Интихоби касб ба наврасон ва ҷавонон имконият медиҳад, ки онҳо дар бораи олами касбҳо, нисбат ба ин касбҳо чӣ гуна талаботҳо ҳастанд,  касби интихобкардаи онҳо ба халқ чӣ гуна фоида меорад, маълумот гирифта дар бораи худ, ҳавасҳо ва қобилияти худ амиқтар фикр кунанд, ки оё аз ӯҳдаи иҷрои он баромада метавонад ё не.

Вобаста ба ин дар ташкилоти ибтидоии «Литсейи касбӣ- техники»-и ба номи Рустами Холалии ноҳияи Восеъ бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Сафарова Ҳафиза ва мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Гулрухсор Мирзоева хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Дар хониши сиёсӣ масъулин атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ, аз ҷумла тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ ва омӯхтани касбҳои миллӣ суханронӣ намуда, қайд карданд, ки тайёрии ҷавонон ба меҳнат ва интихоби касб кори муҳими давлатист ва аз хурдӣ бояд кӯдакон, наврасон ва ҷавононро дар руҳияи меҳнатдӯстӣ тарбия намоем. Аз ин рӯ, хонандагонро вобаста ба синнусол ба меҳнати фоиданоки ҷамъиятӣ сафарбар намудан ва интихоби бошууронаи касбро омӯзондан  лозим аст.   Албатта барои дуруст ба роҳ мондани интихоби  касбу ҳунар танҳо мактаб аз уҳдаи ҳалли масъалаи интихоби касб баромада наметавонад. Барои ин лозим аст, ки муассисаҳо, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, омӯзишгоҳҳои касбӣ-техникӣ, оилаю мактаб ҳамкорӣ кунанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg