ВАХШ. Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш бахшида ба эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо сокинони деҳаи Бӯстони ҷамоати деҳоти 20-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии фарҳангию фароғатӣ баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур аҳли заҳмати деҳа тамоми ҳунарҳои миллии хоси мардуми тамаддунофари тоҷикро ба намоиш гузошта буданд, ки ҳозирин аз тамошои маҳсулотҳои маҳсули дасти ҳунармандони деҳа ба худ ғизои маънавӣ гирифтанд.
Нахуст раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш Одилҷон Маҳмадов атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, Соли тақвияти робита бо маҳал, Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ суханронӣ намуда, бошандагони чорабиниро, ки аксарияти онҳоро мардуми деҳқон ташкил медод, барои таъмини амнияти озуқаворӣ, ки яке аз ҳадафҳои муҳими стратегии давлат ба шумор меравад, ҳидоят намуд.